19 Декабр 2019
Хабари ғолибияти тарбиятгирандаи боғчаи бачагонаи №33-и шаҳри Хуҷанд Баширхон Ҳоҷиеви 6-сола дар Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷомеаи меҳнатии боғча ва хоса волидону пайвандонашро басо мамнун кард.
Зеро, Баширхон дар ин мусобиқа кўдакони аз худаш 2 сол калонро мағлуб карда ба гирифтани ҷойи аввали мусобиқа ва Ифтихорномаву медали тилло шарафёб гардидааст.
-Ҳарифи ман дар мусобиқаи ниҳоӣ писарбачаи рус, хонандаи синфи дуюм Игор, буд,ки басо моҳирона бозид,- мегўяд бо лаҳни кўдакӣ Баширхон,- аз як хатогиаш дар гардиши асп моҳирона истифода кардаму ўро мот кардам…
Мегўянд, ки дар рушду такомули инсон хуни гузаштагонаш, хоса аз кадом авлод будани ў нақши калон мебозад. Ў абераи ходими давлатию ҷамъиятӣ Рифъат Ҳоҷиев аст, ки вилояти овозадори Суғд (дар гузашта Ленинобод)-ро замони шўравӣ 17 сол ўҳдабароёна роҳбарӣ кардааст. Бобову момо ва волидонаш низ аз ҳарду ҷониб одамони соҳибмаълумотанд. Инро бинед, ки бобокалонаш низ дўстдори бозии шоҳмот буданд.
-Падарам аксар вақт хастагии худро аз кор бо бозии шоҳмот мебароварданд,-мегўяд писари Р.Ҳоҷиев Ҳалимҷонако,- хусусан вақте бегоҳ барои хўроки шом меомаданд, баъди тановул мегуфтанд, ки «Ҳалим шоҳмотро гир, бинам чӣ машқат расо шудааст ё не?». Ана баъд ҳарду ҳамагӣ як баст бозӣ мекардему он кас боз барои идомаи фаъолияти корӣ ба обком мерафтанд.
-Вай чӣ тавр шоҳмотбоз шуд,-мепурсем аз падари кўдак Абдусалом.
-Ин бозиро ба ў бобояш-падарам омўхтаанд.
-Дар яке аз рўзҳои моҳи май аз ман хоҳиш кард, ки барояш шашка харам,-ба хотир меорад Ҳалимҷонако,- дархосташро иҷро кардам.
Баъди як муддат шоҳмотбозии маро дида гуфт, ки «мехоҳам шоҳмотбозиро ёд гирам». Гардиши фигураҳоро зуд омўхт. Баъд хоҳиш кард, ки ягон мураббӣ барояш ёбем. Вақте ба назди мураббии шоҳмот Сайфулло Азизов бурдем, баъди як бозӣ гуфт, ки «мешавад, тарбия мекунем». Натиҷа ин шуд, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол кард.
-Баширхон бачаи басо зирак аст,-мегўяд мураббияаш дар боғча Мавзуна Эргашбоева,- дар саволу ҷавоб, хусусан ҳисоб кардан аз ҳама пеш даст бардошта ҷавоби дуруст мегўяд.
-Дар боғчаи бачагонаи мо зиёда аз 350 кўдакон тарбия меёбанд,-мегўяд мудири боғча Муаттара Мамадҷонова,-хурсанд аз онем, ки ин гуна доноякон дар мо бисёранд. Масалан, яке аз онҳо Мавзуна Набиҷоноваи 5 сола аз гурўҳе, ки Баширхон тарбия меёбад, дар озмуни шаҳрии расмкашӣ байни тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ҷойи намоёнро ишғол кард.
Ногуфта намонад, ки Баширхони 6 сола то ин дам дар мусобиқаҳои шоҳмоти сатҳи шаҳриву вилоятӣ байни кўдакони синни хурди мактабӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби Сипосномаву Дипломҳо шудааст. Масалан, ин гуна қадршиносӣ нисбати ў аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ки бахшида ба 25 солагии ҲХДТ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, ки мусобиқаи шаҳриро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва Гимназияҳо бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардаанд, ба ҷо оварда шудааст.
М.Мақсудов.