14 Ноябр 2018
Чун гул шукуфта дар чаман шодон ба Роғун меравем.
Мо аҳли халқи хештан доман бубастем бо камар,
Дар роҳи равшан шуда тобон ба Роғун меравем.
Хандида марди майдон бо қувваю дили шод,
Бо халқи пурзӯри Ватан чандон ба Роғун меравем. Чун ғунча лаб кушода дар дил шавқи бисёр,
Бо меҳнати пиру ҷавон тозон ба Роғун меравем.
Бо шавқу ғайрати халқ дунё шавад мунаввар,
Мо халқи Тоҷикистон шодон ба Роғун меравем.
Мухбира Ачилова,
омӯзгори МТМУ№5-и шаҳри Хуҷанд