14 Ноябрь 2018
Пайкарам шаҳтири ин чарх аст,
Шаҳрагам занҷири ин чарх аст.
Сангу оҳан ҳам ба меҳри ман
Ҷон шуду тақдири ин чарх аст.
Мефишорам тугмаи таърих,
Барқ мехезад зи Роғонам,
Чун ба симҳо меравад ин нур,
Тоҷикистон мешавад ҷонам.
НОБ-и Роғун, оби Роғунам
Нуру обаш шуд ба тан хунам!
Пас муборак, чархи гардонам,
Хоки воло зери гардунам!
Дар ҷаҳон болотарин ҳадро-
Сохтам паймону мақсадро!
Каъбаи армони мардум шуд,
Чун бичидам санги асвадро.
Ман нуристон кардаам ин ҷо,
Баста сими ҳар рагам бо хун.
Ман диламро канда аз сина,
Бастаам дар синаи Роғун...
Ҷони ман чун ҷони Роғун шуд,
Ҳастиям виҷдони Роғун шуд.
Дар чароғистони ин дунё
Машъалам имони Роғун шуд.
Дар дили кўҳам дили миллат
Метапад дар маҳфили миллат.
Бахту шодӣ меравад ҳар ҷо,
Нур хезад аз гили миллат...
Олам аз мо нур мегирад,
Вомбарги мо ҳама тиллост.
Зарварақ монад китоби мо
Баски ҳарфи зарринаш фардост.
Ҷони ман чун ҷони Роғун шуд,
Ҳастиям виҷдони Роғун шуд.
Дар чароғистони ин дунё
Машъалам имони Роғун шуд.
Аҳмадҷони Раҳматзод,
Шоири халқии Тоҷикистон