10 Ноябр 2018
Cубҳи имруз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати кориашон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов 32 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 33 сомонӣ, пиёз аз 0,30-0,80 дирам, сабзӣ 2 сомонӣ, шалғам ва турб 1, 50 дирам, картошка 1 сомонию 50 дирам, хурмо 1 сомонӣ, карам 2 сомонӣ, себ 1-3 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 60 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд.Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки пагоҳ, яъне санаи 11.11. 2018 низ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар мавзеъи майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд