07 Ноябр 2018
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо интихобкунандагон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Мавзуъи асосии мулоқот бо интихобкунандагон тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров, ки санаҳои 22-25 сурат гирифта, баён гардидаанд ва ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2018, “Дар бораи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.Ҳамин тавр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Салима Каримова, Шоира Бузурукова, Гулбаҳор Маҳкамова, Анвар Яъқубӣ ва Абдулатиф Раҳимов санаи 10.11.2018 дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии хеш вохӯриҳоро мегузаронанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд