02 Ноябр 2018
Дирӯз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаҳои кӯдакони шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона баргузор карда шуд.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар ин рӯз дар Муассиаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳр, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳр, муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдаконаи имконияташ маҳдуд ва ношунавои шаҳр, Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо чорабиниҳои идона баргузор, дастархони идона густурда ва ва бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд