02 Ноябрь 2018
Иродагароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, зуҳурот вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки ин усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор ба миён гузоранд, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳалли масъаларо рад кунанд. Ифродагарии идиологии сиёсӣ мумкин аст, ки ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этикӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисоди фаҳмида шавад.
Барои мубориза бар зидди ифротгари дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конситутсия омада буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешиданд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.
Мардуми Тоҷикистон зуҳуроти ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Ақидаи ҳалқ дар қонунгузорӣ ва Конститутсия таҳким ёфтааст . Ин маънои онро дорад, ки мардум ва радикализми давлатӣ , кадоме, ки антеизм ,аст халос шуда радикализми дигар –режими сиёсии динро қабул кардани нест.
Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст.Бояд ба мардум ёрӣ расонад, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинад, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда зидди ифротагароӣ хуб тайёр мекунад.
Солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёна ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ диққати калон дода мешавад.
Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ , фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъиятии мо хизмат менамоянд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуруроти терроризм ва экстремизим буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёби мекунанд. Дар масъалаи бартарафкардани сабабу шароитҳое , ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишварҳои ҷомеа чораҳо андешида шуда истодаанд.
Сулҳе , ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварданд, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми кишварамонро ғуборолуд созад.
Р. Абдуллоева,
сармуаллимаи кафедраи методикаи
фанхои тахассусии коллежи омӯзгории шаҳри Хуҷанд