30 Октябр 2018
Дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Осиё-2018 оид ба қаиқронӣ, ки санаҳои 20-25 октябри соли ҷорӣ дар-шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки 17 кишвари Осиё бо фарогирии зиёда аз 300 варзишгарон баргузор гардид, варзишгарони хуҷандӣ мақомҳои сеюмро ишғол намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмиллалӣ варзишгари шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ғафуров низ дар ҳайати дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда дар қаиқи якнафара дар масофаи 1000 метр ҷои 3-юм ва дар қаиқи дунафара бо ҳамроҳи варзишгари дигари шаҳри Хуҷанд Саидилҳом Назиров дар масофаи 1000 метр ҷои 3-юмро ишғол намуданд.Ҷоиз ба зикр аст, ки Абдусаттор Ғафуров Устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ оид ба қаиқронӣ ва Назиров Саидилҳом дастпарварони Мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд буда иштирокчии бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Полембанги Ҷумҳурии Индонезия низ мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд