19 Сентябрь 2018
Аз ин эътилофи рўзноманигорон маълум мегардад, ки осудагиву оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон бароямон мояи нороҳатӣ ва ихтилофхоҳӣ аст, ҳатто лаҳзае ором нахоҳанд дошт . Агарчи Ҳукукмати Тоҷикистон ҳанўз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнўъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун роҳбарияти он дар хориҷӣ кишвар мекўшад , то ҳар чи амнияти Тоҷикистонро халалдор намояд. Роҳбарони ин се созмони дигар низ дар хориҷи кишвар мебошанд. Пас чунин ба назар мерасад, ки гарчанд фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошта шудааст, роҳбарият ва пайравони он имрўз низ дар хориҷӣ кишвар амалиёти худро идома медиҳанд ва бо эътирофу изҳоротҳои нав ба нав нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон амнияти кишвари моро халалдор месозанд.
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаи неку созанда мусоидат кардаанд.
Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 27 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву ҳодисабозиҳои ихтилофи рўзноманигорон барои дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.
Нерўъҳои созандаи кишвар мехоҳанд халқу миллатро боз ҳам ба ҷангу хунрезӣ бикашанд.
Мардуми ҳушманди мо бошад хуб медонанд, ки оқибати ҷангу хунрезии солҳои 90-ум Ватанро ба чӣ ҳолат оварда буд.
Дигар ҷои фиреб хўрдан, гумроҳ шудан нест.
Имрўз мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш барем, дигар фирефтаи ин гуна ҳодисаҳо нахоҳем шуд.
Ҳотам Фаттоев,
устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд