03 Август 2018
Дирӯз бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода раванди таъмиру азнавсозӣ ва омодагии макотиби шаҳр ба соли таҳсили нав аз ҷониби Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Фирӯза Нуруллозода, аз МТМУ №26, 11, 6, 12, 28, 2 ва ғайраҳо боздид намуда, бо раванди таъмиру азнавсозии ин муассисаҳои таълимӣ ошноӣ пайдо намуд.
Маълум гардид, ки дар макотиби номбурда, синфхонаҳо, долон, саҳни мактаб аз таъмир бароварда шуда, дар бархе ҷойҳо корҳои азнавсозӣ идома дорад. Аксари синфхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ омода буданд.Муовини Раиси шаҳр аз роҳбарони муассисаҳои таълимии нобурда доир ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, зимистонгузаронӣ, таъмири майдону толорҳои варзишӣ пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бетаъхир анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр толори варзишии МТМУ №2 аз таъмири кулл ва азнавсозӣ бароварда шуда, барои истифода пешкаш карда шудааст. Дар ин толор насби курсиҳои таҷдидгардида идома дорад. Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон атрофи муассиса чароғон гардидааст. Саҳни бинои МТМУ№11 низ мавриди азнавсозӣ қарор гирифтааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд