25 Июнь 2018
25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «МПМК Уротеппа» мебошад.Назди Нишони давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бо бунёди фавораҳо, шинонидани гулу бутаҳо ва чароғонкунӣ зебою дилрабо гардида, барои сайру гашти сокинон макони хуби истироҳату фароғат хоҳад буд.
Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан бо усули хоси меъмории миллӣ бунëд карда шуда аст, ки дар қатори дигар иншооти бунëдгардида ба симои шаҳр ҳусни дигар зам намудааст.
Саҳни ин рамзи давлатӣ тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ навсозӣ гардида дар бунëди роҳравҳо ва ҳудуди ин мавзеъ аз масолеҳи сохтмонии босифат истифода карда шудааст.
Қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Истаравшан нишонаи возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо ин васила дар ниҳоди насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор хоҳад сохт.