24 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Бо иқдоми бахши ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” байни китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмуни шаҳрии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.
Озмуни мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст. Гуфта мешавад, ки озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз 10 октябр то санаи 10 ноябри соли 2017 сурат гирифта, дар он муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, мактаб, интернатҳо, литсейҳо, гимназияҳо иштирок карда метавонанд. Ҳайати ҳакамот зимни натиҷагирии озмун бештар ба низомнома, шиноснома, нақшаи кории китобхона, дастурамалаи вазифавӣ, рӯзномаи кории китобдор, китобҳои инвентарӣ ва умумӣ, шумораи толорҳои хониш, баромадан ба шабакаи иттилоотии интернет, таҷҳизоти техникӣ, намоиши китобҳои нав ва китобҳои фаромӯшшуда, таҳияи лавҳаи китобхонавӣ: роҷеъ ба китобҳо, шеърҳову порчаҳои ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи адибон, таъмиру тармим ва тозагии китобхона, ташкил намудани мусобиқаи китобхони байни хонандагони мактаб ва натиҷаи он эътибори махсус зоҳир менамоянд.
Китобхонаҳои беҳтарине, ки нисбатан ба холҳои баланд сазовор мегарданд, ғолибони озмун дониста шуда, бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд