15 Сентябр 2015
Раёсати муҳити зисти вилоят ва шаҳри Хуҷанд ният доранд давоми ҳафта соҳили чапи дарёро аз кӯпруки асосии шаҳр то кӯпруки «Ҷашнӣ» корҳоро давоми ҳафта идома диҳанд.
Назар ба маълумоти идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд барои корҳои соҳилтозакунӣ кормандони ин муассиса ва воситаҳои техники махсус вобаста карда шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки корҳои соҳилтозакунӣ дар соҳили чапи дарё масофаи наздик се километрро дар бар мегирад.