1290
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
12 Сентябр 2015
Чуноне, қаблан иттилоъ дода будем давоми ҳафтаи сипаришуда, Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода аз ҳолати тозагӣ ободонӣ ва гукории мавзею кӯчаҳо, биноҳои маъмурӣ ҳамчунин корхонаҳою маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳрдорӣ бобати беҳтар намудани корҳои ободокорӣ ва сабзкорӣ, таъмиру азнавсозии намои биноҳою иншоотҳои Хуҷанд ва бо ин мақсад гузаронидани шанбегии умумишаҳрӣ супоришҳои мушаххас дода буд. Дар ҳамин замина нақшаи иҷроиши корҳои мушаххас дар ин самт таҳия ва тасдиқ гардида буд. Дар ин асос имрӯз дар маркази вилоят,шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар он кормандони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои мухталиф новобаста аз шакли моликият, сохторҳои мақомоти маҳалли иштирок намуданд.
Дар шанбегӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр чанд корҳои ободонӣ гулкорӣ ва тармим ба анҷом расонда шуд.
Имрӯз бо мақсади иштирок дар корҳои ободонӣ наздик даҳ ҳазор сокинон ба шанбегӣ баромаданд. Ҳашарчиён бо азму ғайрати дучанд ҳудуди зиёда аз 8 ҳазор метрии квадратии кӯчаю хиёбонҳо, канори роҳ. Роҳравҳои кӯчаҳои марказӣ ва атрофии коргоҳхои шаҳрро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, саҳми худро дар зебо гаштани шаҳр гузоштанд. Ҳамчунин муассисаҳои ободонӣ бошад барои аз ҳудуди шаҳр баровардани зиёда аз 14 тонна партов обёрии беш аз наздик 16 ҳазор метрии квадратӣ дарахту буттаҳо, гузору сабзазорҳо мусоидат намуданд. Дар баробари бо ҳамдастии идораи кабудизоркунии шаҳр бошад шинондани гулҳои мавсимии тирамоҳӣ идома дошта, танҳо дар ин рӯз наздик 100 адад чунин гулҳо шинонда шуданд.
Шарҳ додан