11 Сентябр 2015
Барои роҳандозии маркази номбурда аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 40 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 10 адад дастгоҳи бофандагӣ ва калобаи нахи матои адрас, ки «асос» номида мешавад харидорӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин марказ ҳунармандони касби заргарӣ, дӯзандагӣ ва қолинбофӣ низ ба ин касби аҷдодӣ машғул ҳастанд. Дар баробари фаъолияти ин маркази таълимӣ-истеҳсолӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, барои ҳунаромузон-шогирдон ҳар моҳа 40 сомонӣ стипендия дода мешавад. Ҳамчунин барои хоҳишмандони ихтиёрӣ бошад, аз 80 сомон то 120 сомон маблағи омӯзиш муқарррар гардидааст.
Раиси вилояти Суғд ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ин марказ таъкид намуд, ки минбаъд шаҳрдорӣ бояд барои эҳёӣ анъанаҳои миллӣ дар маҳалҳои қадимаи шаҳр ва тарғиби ҳамаҷонибаи онҳо бояд барномаи корӣ рӯи даст дошта бошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои қабули фармоиши сокинон аз бофтани матоъ сар карда то дӯхтари либос ва ҷиҳози ороишӣ дар марказ тамоми шароит мавҷуд аст, бинобар он барои харидорон ва фармоишгарон пешниҳоди чунин намуди хизматрасонӣ мувофиқи мақсад аст.
Минбаъд коргоҳи мазкур ният дорад фаъолияти истеҳсолии ҳунармандиро бештар намуда, мактаби ҳунармандони ин маҳалро барқарор амояд.