10 Сентябр 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонводаи се нафар аз шахсони собиқадор рафта онҳоро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуд.
Собиқадори меҳнат Ҳалимов Салимбойи 76 сола рафт. Номбурда зиёда аз 50 сол дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд аз вазифаи коргари оддӣ то сатҳи роҳбарияти коргоҳ расид. Ӯ аз ташрифу хабаргирии Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуда, аз таваҷҷӯҳӣ ҳамарӯза ба давлату ҳукумат шукргузорӣ намуд.
Абдуҷаббор Боқиев давоми чанд соласт, ки дар бистари беморӣ буда, фарзандон ва аҳли оилааш парасторӣ ва нигоҳубин мекунанд. Раҷаббой Аҳмадзода баробари таманниёти нек бобати зери назорати доимии тиббӣ гирифтани Абдуҷаббор Боқиев ва таъмини доруворӣ таваҷҷӯҳ намуда, омодагии мақомоти маҳаллиро барои таъмини шароити нигоҳубини номбурда таъкид намуд.
Омӯзгори собиқадор, шахси кордону устоди чандин шогирдони вафодори касби хеш Раҳимова Рафоат Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзодаро бо хушнудӣ пазироӣ намуд. Мавсуф аз ҳаёту зиндагиномаи худ нақлу қиссаҳои ҷолиб намуда, изҳор намуд, ки то ҳол омода аст барои тарбяи насли наврас мутахассисони ҷавон пайваста меҳнат намояд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба тамоми аёдатшудагон кӯмаки яквақтинаи моддӣ дастрас карда шуд.