28 Август 2015
![Мавсими шинондани гулхои тирамохи оғоз гардид. Мавсими шинондани гулхои тирамохи оғоз гардид.](/images/thumbnails/images/stories/navgoni/img_08.15/41_400x267-200x134.jpg)
Имрӯз Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз корҳои омодагӣ ба мавсими шинондани гулҳои тирамоҳӣ ва ҳолати нашъунамои гулҳои ороишӣ ба Муассисаи давлатии идораи кабудизоркунии шаҳр омад.Раҷаббой Аҳмадзода нахуст гармхонаи Ширкати гулпарварии «Гулафшон»,ро аз назар гузаронд. Маълум гардид, ки тайёрии гулпарварон ба фасли тирамоҳу зимистон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд ва омода ҳастанд, ки кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои истироҳатии шаҳрро бо гулҳои тару тоза зеб диҳанд. Ҳамчунин, Раиси шаҳр бо рафти корҳо дар Идораи кабудизоркунӣ ошно гардид ва ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод. Онҳоро вазифадор кард, ки то моҳи октябр ҳамаи роҳравҳои кӯчаҳоро омода карда, гулҳои ба давраи тирамоҳу зимистон тобоварро шинонанд.Мувофиқи нақша дар давраи тирамоҳу зимистон масъулин бояд 150 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонанд.