23 Август 2015
Баҳри татбиқи ҳарчи бештари қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, аз 22 октябри соли 2014, таҳти № 620 «Дар бораи қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд» рушд додани ҳунари адрасу атласбофии дастӣ дар шаҳр ва дар ин замина касбомўзиву бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занҳои хонанишин идома дорад. Талабот ба пеш бурдани ҳунари дастии адрасу атласбофӣ зиёд гардидааст, аз ин рӯ, дирӯз бо дастгирии Раиси шаҳр боз 20 адад дӯкони адрасу атласбофӣ дар маҳаллаҳои “ Масҷиди Савр” ва “Ваҳдат” гузошта шуд, ки маблағи умумии он 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки то имрўз дар шаҳр марказҳои таълимии истеҳсоли адрасу атлас дар “ЛКТ №56”, Маркази занони ҳунарманд таҳти унвони “Беназир”, “Корхонаи воҳиди давлатии Маркази таълимӣ” дар шаҳри Хуҷанд, дар Коллеҷи тиббӣ, дар корхонаи муштараки ВЕТ-ТОҶ, Коллеҷи омўзгорӣ, таъсис дода шуда, бо зиёда аз 40 адад дўкони адрасу атласбофӣ таъмин карда шудааст.