28 Июл 2015
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ ҳамеша барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин, хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд. Мардуми мо эътимод дорад, ки бо мардонагию шуҷоатмандӣ, Шумо хамеша барои нигоҳдории сокинон аз офатҳои табии ва сӯхтор омода ҳастед. Дар баробари ин таъминоти воситаҳои техникӣ, дастгирии моддӣ, фароҳам овардани тамоми шароитҳои касбӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти маҳаллӣ аст.
Бори дигар ҳамаи Шумо - кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода