24 Июл 2015
Дар ярмарка соҳибкорону корхонаю муассисаҳо аз кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Лаҳистон, Белорус, Олмон, Афғонистон, Фаронса, Қазоқистон ва дигар минтакҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Дар расми кушоди ин намоиш Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ кулли меҳмононеро, ки барои иштирок ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфт. Абдураҳмон Қодирӣ зимни сӯҳбат афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дасовардҳои азими саноативу кишоварзӣ ноил гардида истодааст ва имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногун ва тавсеи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ имкониятҳои зарурӣ мавҷуд аст. Ӯ дар ин роста аз нақши боризи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ёдовар шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар минтақаи мазкур соҳибкорону тоҷирони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ теъдоди зиёди корхонаҳои гуногунро бунёд намудаанд, ки маҳсулоташон дар бозорҳои дохилу хориҷ харидорони худро доранд.
Абдураҳмон Қодирӣ инчунин дар бораи вазъи саноати вилояти Суғд низ сухан гуфта, изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят ният дорад дар чанд соли оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро то ба 6,2 миллиард сомонӣ расонад.
Сипас Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии ҳайатҳои меҳмонони хориҷӣ аз растаҳои гуногуне, ки аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои муаррифии маҳсулот таъсис дода шуда буданд, дидан карданд.
Хотирнишон бояд кард, ки дар ярмаркаи мазкур 110 ширкату корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти саноатии худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон 150 ҳоҷагии деҳқонӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузошта, бори дигар собит намуданд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд дар самти содироти маҳсулот мебошад.
Дар ярмарка барои нахустин бор маҳсулоти дастии ҳунармандон аз қабили қолинҳои дастибоф, сӯзаниҳои гуногун, атласу адрас, ки аз ашёи хоми табиӣ омода шудаанд, ба намоишу фурӯш гузошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ярмарка наздик 40 корхонаю ширкат ва муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии шаҳри Хуҷанд низ гиркат намуда, ба иштирокдорони ин ҳамоиши иқтисодӣ бобати имконоти хеш маълумот доданд.
Дар рафти тамошои расатаҳои ярмарка Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбари ҳайати кории шаҳри Могилев муовини аввали раиси кумиҷроияи щаҳри Могилев Александр Потемкин сӯҳбати кӯтоҳи корӣ анҷом дод. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси вилояти Суғд доири накшаҳои ҳамкории шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилев маълумот дод.