(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар соли 2022 бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 11 муассисаҳои сайёҳӣ, ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, “Панҷистон”, “Ориён Тур”, “Иттиҳоди илми истеҳсолии Асил”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон”, ҶДММ “Марвел Вита Травел” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои нави “Қалъаи Хуҷанд”, “Душанбе-пойтахти Тоҷикистон”, “Кўҳистони нишот”, “Водии ҳунармандон”, “Панҷакенти бостонӣ”, “Зебогии кўҳҳои Шаҳристон”, “Конибодоми таърихӣ”, “Баҳри тоҷик” ва “Хони кушода” фаъолияти пурсамар доранд.

Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд.

Инчунин зиёда аз 20 адад роликҳои тарғиботӣ доир ба манзараҳои шаҳр вобаста ба фаслҳои сол таҳия гардида, тариқи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ намоиш дода шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб ҷойгир карда шуд.