(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Дар соли 2018-ум 151 адад мактубҳо аз мақомоти болоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ворид гардидааст, ки аз онҳо ҳуҷҷатҳои назоратии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 67 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 83 ададро дарбар мегирад. иҷрои 108 адади он таъмин гардида, 38 адад мувофиқи муҳлатҳои муқарраршуда дар иҷроиш қарор доранд.

Инчунин 5169 адад мактубҳо вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталиф ворид гардида, аз рўи мансубияташон ба шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда шудааст. Дар ин давра мактубҳои содиршуда таҳти имзои роҳбарияти шаҳр 3042 ададро ташкил дод.

Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 19,4 фоиз, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 7,8 фоиз, оид ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмон 12,15 фоиз, оид ба сафари ҳаҷ 7,5 фоиз, оид ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ 7,7 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 5,0 фоиз, оид ба ҳифзи иҷтимоиёт ва кўмаки моддӣ 7,5 фоиз, ҳифзи ҳуқуқи кўдак 4,5 фоиз ва ғайра масъалаҳои иҷтимоиро ташкил менамояд.

Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рўзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рўи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1481 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.