(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳр 16 муассисаҳои тиббӣ амал мекунанд: аз ҷумла, Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 (дорои 465 кат), Беморхонаи шаҳрии №2 (дорои 150 кат), Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда (дорои 270 кат), Таваллудхонаи шаҳрӣ (дорои 140 кат), 6 марказҳои саломатии шаҳрӣ, Дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Хонаи кўдакон (дорои 70 кат), Стансияи ёрии таъҷилӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим.

Маврид ба зикр аст, ки ба соҳаи тандурустӣ, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши муассисаҳои тандурустӣ, усулҳои муосири ташхису табобат ба роҳ монда шуда, инфрасохтори муассисаҳои соҳаи тандурустӣ таҳкиму тавсеа ёфта истодааст. Инчунин, сол аз сол шумораи муассисаҳои нави тиббӣ зиёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимотҳои ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ ҷиҳозонида шуда истодаанд.

Дар ин радиф дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 августи соли 2022 ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии № 1-уми шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти корхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Дар шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхона бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ-фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи як қатор давлатҳои хориҷӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.

Дар доираи нақшаҳои сохтмону азнавсозӣ дар ҳудуди Беморхона стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муассиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст.       Инчунин Пешвои миллат Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд, ки 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Таҷҳизоти тиббӣ ба ин муассиса аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо харҷи 1,2 млн. сомонӣ дастрас карда шуд. Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ - оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамйизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.

Мусаллам аст, ки солҳои охир сифати ташхису табобати беморон торафт беҳтар гардида, сафар намудани сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар барои ташхису табобат кам гардидааст.

Зикр бояд намуд, ки дар шаҳр Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд, ки ба он ба ихтисоси “Кори дорусозӣ” ҳар сол 75 нафар қабул карда мешаванд. Дар оянда дар нақша ҳаст, ки бо пайдо гардидани имконият истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба роҳ монда шавад. 

Дар соҳаи тандурустии шаҳр фаъолиятро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати зиёд намудани шумораи кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ба роҳ монда, рушди соҳаи дорусозиро тақвият медиҳад.

Тазаккур бояд дод, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, мутахассисони миёнаи соҳаи тибро аз рўи 5 ихтисос омода менамояд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID - 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолии гурўҳҳои мақсаднок дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Хуҷанд низ идома дорад.

Боиси қайд аст, ки тибқи маълумотҳои омории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд миқдори гурўҳҳои мақсадноке, ки имконияти гирифтани ваксинаро доранд, 108976 нафар муқаррар гардидааст.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ ба ҳолати 12 декабри соли 2022 дар шаҳр ба вояи якум 114116 нафар ё худ 104,7 фоиз, ба вояи дуюм 110332 нафар ё худ 101,2  фоиз, ба вояи сеюм 86121 нафар ё худ 79 фоиз ва вояи чорум 49044 нафар ё 44,3 фоиз  фаро гирифта шуданд.

Вобаста ба фарогирии пурраи гурўҳҳои мақсадноки шаҳр ба иммунизатсияи вояҳои дуюм, сеюм ва чорум аз ҷониби масъулини шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ҳамарўза корбарӣ ба роҳ монда шудааст.