(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ҳудуди шаҳр 1 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ, 36 масҷидҳои панҷвақта ва 8 ташкилоти динии ғайриисломӣ расман фаъолият доранд.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонуни мазкур дар байни аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ мунтазам вохўриву мулоқотҳо гузаронида шуда истода, ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма низ доир ба ин масъала зич ба роҳ монда шуда, дар ин давра якчанд барномаҳо намоиш ва мақолаҳо рўи чоп оварда шуданд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 1128 адад маърака ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи  гузашта 335 адад маърака кам мебошад. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 5 млн. 832 ҳазорро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи  гузашта 4 млн. 115 ҳазору 600 сомонӣ кам масраф гаштааст.

Дар ин давра 10 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид.

Тибқи талаботи моддаи 51-и қонуни мазкур миқдори комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳр 224 ададро ташкил дода, дар ин давра дар асоси қисми 1, банди 1-и нақшаи фаъолияти комиссияи доимӣ 81 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳо санҷида шуд.