(3 овоз, миёна 2.33 аз 5)

Раҳмонова М. А.

Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2010 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис иқтисодчӣ хатм намудааст. Аз соли 2011 то 2014 дар Филиали "ШС" IRS дар вилояти Суғд ба ҳайси назоратчӣ кор кардааст.

Аз 01.07.2016 то 04.07.2022 Директори Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Бӯстон таъин гардидааст. Ва аз 05.07.2022 то ин ҷониб бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Директори Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият бурда истодааст.