(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Абдуллоев Ш. Д.

Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 2008-2012 дар вазифаи Мутахассиси ҶДММ «Хуҷандмеҳр» дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст, соли 2012 ба вазифаи мутахассиси шӯъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин гардида, соли 2014 иқтисодчии ҶДММ «Хуҷандмеҳр» дар шаҳри Хуҷанд буд. Соли 2018 аз моҳи январ то август дар ҷонишини директори ҶДММ «Хуҷандмеҳр» дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2018-2019 дар сармутахассиси шӯъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соли 2019 аз моҳи май то декабр дар мудири шуъбаи сармоягузори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, солҳои 2019-2020 сармутахассиси шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, солҳои 2020-2021 мудири шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буд.
Аз 1 ноябри соли 2021 тибки Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор