(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Муҳаммадзода М. М.

Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 факултети санитарию профилактии филиали Хуҷандии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх аз рӯйи ихтисоси духтури беҳдошт, беҳдорӣ ва вогиршиносӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи июли соли 2005 дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамчун духтури эпидемиологи сироятҳои бениҳоят хавфнок оғоз намудааст. Аз моҳи октябри 2005 то декабри 2007 дар вазифаи духтури санитарии озмоишгоҳи санитарии МНДСЭ - вилояти Суғд кор намуда, аз моҳи январи 2008 то моҳи августи 2011 дар вазифаи мудири ташхисгоҳи санитарию гигиении МНДСЭ -и вилояти Суғд, аз моҳи августи 2011 то моҳи феврали соли 2014 дар маснади мудири шуъбаи коммуналии МНДСЭ-и вилояти Суғд, феврали соли 2014 ба ҳайси мудири шуъбаи санитарии ҳамин марказ кору фаъолият дошт.
Моҳи марти соли 2014 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Суғд таъин гардид. Аз моҳи октябри соли 2014 то августи соли 2020 дар вазифаи мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шахри Хучанд фаъолият дошт.
Аз санаи 24 августи соли 2020 ба вазифаи директори МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.
Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.