(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Баҳри рушди фарҳанги миллӣ ва иҷрои «Барномаи рушди фарҳанг барои солҳои 2015-2018» дар шаҳр 10 муассисаи фарҳангӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, 1 Маркази фарҳанг, 2 Хонаи маданият, 2 мактаби санъат, 1 мактаби мусиқӣ, 1 рассомӣ, 1 Арт-галереяи «Сомониён», Хона-осорхонаҳои Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов ва «Эргашбойбача» ҷиҳати омӯзиш  ва таълим фаро гирифтани сокинон ва меҳмонони шаҳр фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои мазкур 233 нафар кормандон кору фаъолият доранд.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ фаъолият намуда, ҳайати комиссия аз 11 нафар аъзо иборат мебошанд.

Аз 31 ёдгориҳои таърихӣ 1 ёдгории таърихӣ ба реестри ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ шомил шудааст.

Инчунин, аз 30 ёдгориҳои меъмории фарҳангӣ, ки дар шаҳр мавҷуданд, 13 ҷамъиятӣ, 2 давлатии ҷумҳуриявӣ, 2 маҳаллии шахсӣ, 11 маҳаллӣ ва 2 ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ба шумор мераванд. 3 ёдгориҳои меъморӣ ба реестри умумибашарӣ тааллуқ дошта, ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардидааст.

То соли 2011 ҳамагӣ 7 ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангии ғайриманқул ба феҳристи ҷумҳуриявии Вазорати фарҳанг дохил карда шуда, дар соли 2012 ду объекти таърихӣ-фарҳангӣ: масҷиди «Ҳазрати Бобо» ва «Шаршара» ба феҳрест ворид карда шудааст.

Дар Маркази фарҳанг ансамбли рақсии бачагонаи «Парниён», дар Хонаи маданияти №1 маҳфилҳои карнайнавозон, ансамбли асбобҳои халқӣ, «Нақшхонон», ва ғайра, дар Хонаи маданияти №2 маҳфилҳои аккосони ҷавон «Нигоҳи нав», навозандагони асбобҳои аврупоӣ фаъолият бурда, насли наврасро аз тамоми фанҳои санъату мусиқӣ ва рассомӣ таълим медиҳад.

Дар соли 2018 дар шаҳр 147 чорабинии фарҳангӣ, фароғатӣ ва маърифатӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 57 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд.