(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чорўми стратегӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Баҳри тақвияти иқтидори ин соҳа, теъдоди корхонаҳои истеҳи хурду миёнаи шаҳр ба 165 адад расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи сипаригашта 1 адад зиёд шудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба миқдори 1492,7 млн. сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи гузашта 197,3 млн. сомонӣ ё 15,2 дар сад зиёд шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ 28,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалишавии занҷираи “ашёи хом–истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – бозори фурўш” чораҳои зарурӣ андешида шуда, бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 2 адад корхонаҳо (ҶДММ “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “Сатн”) бо коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҶДММ “Ҷавонӣ” дар ҷорӣ 857,7 тонна пахта коркард карда, ба маблағи 119,9 млн. сомонӣ маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол карда шуда, ба маблағи 111,0 млн. сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст.

Дар ҶДММ “Сатн” дар ин давра 730,9 тонна нахи пахта коркард карда шуда, ба маблағи 85,2 млн. сомонӣ маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол карда, ба маблағи 83,6 млн. сомонӣ содирот карда шудааст.

Чораҳои амалишудаистода аз он шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулотҳои воридотивазкунанда афзун гашта, он ба тақвияти иқтидори соҳаи саноат рўзафзун мусоидат намуда истодааст.

Баҳри ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои истеҳсоли нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсоли корхонаҳои мавҷуда ва ташкили ҷойҳои кории нав чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 17 адад корхонаҳои истеҳсоли нав бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла: ҶДММ филиали ширкати “Хантана Канада ИНК”, “Афранг пластик”, “Хуҷанд Агро”, “Суғдиён”, “Афиф”, “Ифтихор ва ширкат”, “Асил”, КД “Амир”, “Агро 20-30”, “Субҳи Заррин”, “Сомон гурўҳ” ва соҳибкорони инфиродии “Акбаров Ф”, “Ҳакимзода С”, “Мадаминов С”, “Умаров Х”, Абдураҳимов Ю, сехи истеҳсоли нави маҳсулоти қаннодӣ бо тамғаи “Азизи ман” таъсис дода шудааст.

Инчунин аз тарафи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Арча-мебел”, “Ариана металл пласт”, “Кабири Хуҷанд”, таҷҳизотҳои технологии истеҳсоли ширкатҳои пешрафти Аврупо аз қабили “Интермик” (Полша), “КОМПО” (Белоруссия), “ПОЛИКЛИП” (Олмон), “МАТИМЕКС” (Австрия), “Афранг пластик” (Туркия), филиали ширкати “Хантана Канада ИНК” (Канада) технологияҳои инноватсионӣ ворид карда шуда, таҷҳизонида шуданд.

Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои андешидашуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 427 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Ҷиҳати ба коркард фаро гирифтани ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили коргоҳҳои хурди коркарди меваю сабзавот чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Дар давоми соли 2020 дар шаҳр 5 корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 9 корхонаи истеҳсоли нўшокиҳо фаъолият намуда, аз тарафи онҳо 3474,5 ҳазор қуттӣ консерваҳо ва 456,0 ҳазор декалитр нўшокиҳои ташнашикан истеҳсол карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳр як қатор корхонаҳои хурду миёнаи дўзандагӣ, қолинбофӣ ва истеҳсоли адрасу атлас фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои дўзандагӣ ба маблағи 243,5 млн. сомонӣ, аз тарафи корхонаву сехҳои атласу адрасбофӣ ба миқдори 53,7 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол карда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба меъёрҳои стандартӣ мутобиқ буда, онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол шуда истодаанд.

Илова бар ин, дар ин давра аз тарафи корхонаҳои дўзандагӣ ба маблағи 5531,9 ҳазор сомонӣ либоси бачагона истеҳсол карда шудааст.