(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қадршиносии сухану заҳмати хабарнигорДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11-уми март дар кишвар таҷлил мешавад, ҷамъомади тантанавӣ барпо шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода хабарнигорон ва кормандони расонаҳои хабариро, ки дар шаҳр пурсамар фаъолият бурда, фазои иттилоотиро бо тозатарин хабарҳо пур мекунанд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳр дар суханронии пурмӯҳтавои худ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ, ки бо номи «Бухорои шариф» ҳанӯз соли 1912-ум бо ибтикору талоши равшанфикрони замон таъсис шуда буд, хотиррасон кард. Гуфт, ки мардум ба рӯзнома ва қалами рӯзноманигор бовару эътимоди комил дорад.
Президенти кишвар, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон будани ВАО-ро мисли дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ зарур мешуморанд. Маҳз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аст, ки имрӯз рӯзномаҳои чи давлатӣ ва чи хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои шароити мусоиди журналистон ва фаъолияти пурмаҳсули онҳо таваҷӯҳ зоҳир менамоянд.
Имрӯз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад. Дар чунин шароит фаъолияти рӯзноманигории Шумо ва арҷгузории ҳар як каламкаш ба арзишҳои милливу маънавӣ беш аз пеш зарур мебошад» зикр намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тамоми иштирокдорони ҷамъомади тантанавиро, ки бештар аз 60 нафар буданду рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва телевизиону радиоро намояндагӣ мекарданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд.
Дар интиҳо сармуҳаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» Муҳайё Воситзода, муҳаррири ҳафтавори «Дам» Ҷӯра Юсуфӣ ва хабарнигори рузномаи Ҳизби халқӣ- Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов ба Раиси шаҳр ҷиҳати чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориву дастгириҳои паёпай миннатдорӣ баён намуданд.