(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Занони номдори шаҳр Рӯзи Модарро қайд намуданд.Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маркази вилоят чорабиниҳои мухталиф бахшида ба Рӯзи Модар гузашта истодааст.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 100 нафар кормандони мақомоти маҳаллӣ, хизматчиёни давлатӣ, занони фаъоли шаҳрро бо Рӯзи Модар табрик намуд.
«Қабули чанд санадҳои муҳими давлатӣ таваҷҷӯҳи доимӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхории хамарӯзаи сарвари давлат ва ҳукумати кишвар нисбати зан –модар, шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз мақому ҷойгоҳи бонувони мо муҳим арзёбӣ мегардад. Танҳо давоми ду сол андешидани тадбирҳои назаррас аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занони маҳаллӣ, тариқи ҷалбу омӯзишу онҳо ба ҳунарҳои аҷдодӣ, таҳкимбахшандаи сиёсати имрӯза аст.» - зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода. Ходими давлатӣ, собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова барои ғамхориҳои пайваста ба ҳукумату давлат сипосмандӣ намуда, таъкид дошт,ки занони даврони истиқололият ҳамеша барои пешрафти ҷомеъа таҷрибаю дониши худро дареғ нахоҳанд дошт.
Ҳамчунин бахщида ба ин ид чорабинии идона бо иштироки зиёда аз 200 нафар занони пешқадами тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гашт.
Ба ҳамаи иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравии тақдим гардид.