(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Модарони азиз!
Хоҳарони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти том ҳар яки Шуморо бо иди Рӯзи модарон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод менамоям.
Мақому манзалати занон дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид  ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат, таваҷҷӯҳи Ҷаноби Олӣ сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, диққату эътибори доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр нисбати занону духтарон, баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи зан дар ҷомеа дарку эҳсос мешавад. Қабули Барномаи дарозмуддати давлатӣ дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарии ҳуқуқи марду зан гувоҳи дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл шудани чунин як масъалаи ҳаётан зарурӣ ва дорои стратегияи сиёсӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи модарон, ки маҳз бо иқдоми неки сарвари давлат дар саросари кишварамон таи чанд чоли охир дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, ин нишони арҷгузорӣ ба номи мубораки Зан - Модар, ба офарандаю идомабахши ҳаёт дар рӯи замин аст. Барҳақ, Модар олиҳаи зиндагист ва қудсияти ҳастӣ аз ҳамин муқаддасот сарчашма мегирад.
Рамзист, ки иди занону модарон дар нахустрӯзҳои арӯси сол, ба оғози баҳори дилафрӯзу гулборон, ба айёми сабзкориҳои табиат – ибтидои фасли зеботарини сол рост меояд. Ҳамзамон маҳз дар ҳамин сол таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ шаҳомати баҳори имсоларо боз хам афзун намудааст.
Худи ҳаёт чи дар арсаи сиёсат ва чи дар самтҳои иқтисодиёту иҷтимоёт симоҳои навро ба майдон меорад. Садҳо занони фаъолу пешқадами  Хуҷандро ном бурдан мумкин аст, ки қатори кулли бонувони мамлакат ва мардуми сарбаланди кишварамон бо заҳмати худ дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии маънавият, авҷи корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузошта, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва сарвари давлат будани худро собит месозанд.
Интихоби 9 нафар ба Маҷлиси шаҳрӣ як нафар ба Маҷлиси вилоятӣ ва ду нафар аз шаҳри Хуҷанд ба мақоми қонунбарори кишвар,- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуиҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли равон,  боварии халқ ба занони арзандаи диёр аст.
Модарону хоҳарони гиромиқадр! Бузургтарин масъулият – тарбияи фарзандро зиндагӣ бештар аз ҳама ба дӯши зан вогузоштааст. Шукронаи онро мекунем, ки Шумо-модарон ин рисолати худро бурдборона адо карда мекунед. Бигзор ҳамеша дар ин роҳ муваффақ бошед!
Барои Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда, бахту саодат ва барори кору хушии рӯзгоратрон таманно мекунам.
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли бонувони шаҳрамонро бо идашон шодбошӣ мегӯям ва умед ба комронию сарбаландиҳои минбаъдаашон дар роҳи муваффақ шудан ба орзую ниятҳои некашон мебандам.
Идатон муборак бод, модарону хоҳарони азизу арҷманд!