(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тангкӯчаи Гагарин ба номи Даврон Алиматов гузошта шуд.Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоиши ёдбуд ва номгузории тангкӯчаи ба номи Гагарин ба номи ҳунарманди шинохта, шодравон Даврон Алиматов баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур пайвандон, ҳамкорон, аҳли фарҳангу зиёиён ширкат намуданд.
Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кушода, аз ҳаёту фаъолияти шодравон Даврон Алиматов сухан намуд.
«Симоҳои офаридаи Даврон Алиматов дар намоишнома ва филмҳои бадеии «Исёни арӯсон», «Борбад», «Темурмалик», «Нурхон», «Субҳи Ганг», «Ҳеҷбудагон» ва ғайраҳо аз тарафи тамошобинон хеле гарму ҷӯшон пазируфта шудааст ва ҳисси масъулиятнокиашро ӯ ҳамчун ҳунарманд боз ҳам бештар ҳис намуда, ҳунари худро баҳри гулгулшукуфоии санъати миллату ватани азизаш бахшидааст». Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев барои ин иқдом ва ташаббуси наҷиб ба Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои посдории фарзандони шоистаи диёр изҳори сипосмандӣ намуд.
Баъдан дар назди ҳозирон коргардони киностудия «Тоҷикфилм» Раҳматулло Турманов, хоҳари ҳунарманд Меҳриниссо Алиматова баромад намуда, аз хислатҳои неки шодравон ёдовар шуданд.
Ҳаёти Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театр ва кино, дорандаи ордени «Дӯстӣ» соли сипаригашта канда шуд.
Бо пешниҳоди сокинони тангкӯчаи ба номи Гагарин ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 26 декабри соли 2014, №313 номи тангкӯчаи Гагарин ба номи Даврон Алиматов гузошта шуд.