(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд интихобот дар фазои озоду демократӣ гузашт.Дар шаҳри Хуҷанд аз соати 06 субҳ дар тамоми 64 участкаҳои интихоботӣ овоздиҳии сокинон оғоз гардид.
Чун дигар сокинони кишвар шаҳрвандони маркази вилоят фаъолнокии худро дар ин маъракаи муҳим нишон медиханд.
Дар шаҳри Хуҷанд 98 720 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, 1922 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Субҳи барвақт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии № 24, ки дар мактаби таҳсилоти умумии № 5 ҷойгир аст омада, райи худро ба номзадҳои мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва марказӣ дод.
Мувофики маълумоти то соати 18.00 санаи 1 март дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 84 ҳазору 595 нафар иштирок намуданд, ки он баробари 85,69 % аст. Дар Хуҷанд интихобот дар фазои озоду демократӣ гузашт.Сокинони маркази вилоят 40 нафарро ба Маҷлиси  вакилони шаҳри Хуҷанд, 7 нафарро ба  вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва як нафар ба Мачлиси намояндагони мачлиси оли интихоб менамоянд.
Ин маъракаи сиёсӣ бо фаъолнокӣ ва руҳияи баланди ватандорию хештаншиносии сокинони Хуҷанди бостонӣ мегузарад.
Ба мақоми номзад ба вакили шаҳрӣ 81 нафар ба қайд гирифта шуданд,ки 54 нафар аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, 3 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 7 нафар Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 нафар Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки 46 нафар номзад тавассути конфронсҳои ҳизбӣ ва 35 нафари дигар бошад тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Тамоми 81 нафар номзад миллаташон тоҷик буда, 79 нафар дорои маълумоти олӣ ва 2 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.
Аз ҷумлаи номзадҳо 13 нафарашон то синни 35 сола буда, 20 нафар муҳандис ва 12 нафар ихтисоси иқтисодчӣ доштанд.