(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар Хуҷанд интихобот бо  фаъолнокии сокинон идома дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд аз соати 06 субҳ дар тамоми 64 участкаҳои интихоботӣ овоздиҳии сокинон оғоз гардид. 
Чун дигар сокинони кишвар шаҳрвандони маркази вилоят фаъолнокии худро дар ин маъракаи муҳим нишон медиханд.
Дар шахри Хучанд 98 720 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, 1922 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Субҳи барвақт Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии №24, ки дар мактаби таҳсилоти умумии № 5 ҷойгир аст омада, райи худро ба номзадҳои мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва марказӣ дод. Мувофики маълумоти то соати 12.00 санаи 1 март дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 70 ҳазору 55 нафар иштирок намуданд, ки он баробари 70,96 % аст.
Сокинони маркази вилоят 40 нафарро ба Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд, 7 нафарро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва як нафар ба Мачлиси намояндагони мачлиси оли интихоб менамоянд.
Ин маъракаи сиёсӣ бо фаъолнокӣ ва руҳияи баланди ватандорию хештаншиносии сокинони Хуҷанди бостонӣ мегузарад.