(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ниҳолшинонӣ дар гулгашти мақомоти шаҳрӣ.Имрӯз бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар саҳни ҳавлии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд саҳм гирифтанд.
Дар майдону гулгашти мақомот зиёда аз 10 бех дарахони навъи «Коҷи Тён-шонӣ», «Ардач» ва дигар ниҳолу гулбуттаҳои орошӣ шинонда шуд.
Ниҳолҳои шинондашуда 6- 7 сола буда барои минбаъд боз ҳам зебову оро додани майдону гулгашти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусоидат хоҳад кард.