(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш- фурӯши гулу ниҳолҳо дар шаҳри Хуҷанд.Аз субҳи имрӯз дар дар назди театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтҳои сояафкан ва мевадор, тухмии зироатҳои полезӣ, гулу гулбуттаҳои орошӣ, маводи дорувории соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин раисони шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, ноҳияҳои ба номи Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд бо ҳайати ҳамроҳонаш аз растаҳои ниҳолу зироту тухмиҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш гузошта шуда шинос шуда, бо  боғдорону деҳқонон бобати қоидаю талаботи агротехнологӣ, ба тартиб даровардани онҳо, усули нигоҳубини онҳо сӯхбат намуд.
Дар намоиш зиёда аз 800 ҳазор бех ниҳолхои мевадиханда, сояафкану ороишӣ, ток ва гулу гулбуттахо ба фуруш гузошта шуда буд. Барои харидорон ҳамзамон зиёда аз 1,5 тонна тухмиҳои сабзавоту гулҳо пешкаш гардид. Лозим ба ёдоварист,ки дар намоиш-фурӯш аз 11 шаҳру ноҳияҳои вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ бо маҳсулоти худ ширкат намуданд. Нархи фурӯши тамоми маҳсулот аз нархи муқаррарӣ ва бозор то 15-20% арзон ба фурӯш гузошта шуд.