(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд.Имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, директорони мактабҳои миёна, имомхатибони масоҷид ва дигар фаъолон доир гардид.
Ба  баррасии кори ҷаласа масъалаҳои рафти иҷроиши «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», Иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 8 майи соли 2009,№332 «Оид ба пешигирӣ ва профилактикаи ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он», рафти тайёрӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ барои соли 2015 ва сатҳи иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хучанд аз 28 июни соли 2013 № 324 «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таъмини бехатарии ҳаракати дар роҳҳои шаҳр» гузошта шуд. Аз рӯи масъалаи якум Прокурори шаҳри Хуҷанд Мирзозода Қурбон Тӯйхон баромад намуд.
Маърӯзачӣ доири сатҳи ҷинояткорӣ, омилҳои сар задан ва раванду тамоюлҳои вобастаи он сухан гуфта, дар мавриди зиёд гаштани чанд намуди ҷиноткорӣ аз қабили истифода ва харидуфурӯши маводи мухаддир, ҷиноятсодиркунӣ байни нобилиғон, даллагӣ ва амалу ҷиноятҳои ғайриахлоқӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, гаравидани шаҳрвандон ба хусус ҷавнон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро масъулони соҳаҳои маориф, ҷавонон, кумитаҳои маҳаллаҳо ва бахши занонро вазифадор намуд,ки нақшаи мушаххаси кории худро дар ин самт таҳия намоянд.
Дар иловаи маърӯза раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода баён дошт,ки беҳтарин амал ин пешгирӣ намудани ҷиноят аст. Ходимони дин низ дар ин ҷода бо кулли фаъолони шаҳр мақсади ягона доранд.
Муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродова аз рӯи масъалаи дуюм баромад намуда, ба ҳозирон сабабҳои сар задании хушунат ва паёмадҳои он аз қабили худкушро мавриди таҳлил қарор дод. Мавсуф қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд то ҳол вазъи худкушӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон ҳолати ташвишовар дошта, новобаста аз корҳои профилактикӣ идомаёфтаистода корҳоро ҷоннок намудан лозим аст. Барои пешигирӣ намудани ин амалҳои номатлуб чанд тадбирҳои дигар низ рӯи кор гирифта шуданд.
Раиси шаҳри Хучанд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон оилаҳои ҷавон, пурзӯр намудани нақши занони фаъол ба воҳидҳои сохтории дахлдор супориш дод.
Аз рӯи масъалаи дигар сардори Коммисариати ҳарбии шаҳр Ҳикматулло Баротов баромад намуд. Дар интиҳои маърӯза Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки корҳои омодагӣ барои бо сифат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳорона бояд аз имрӯз шурӯъ шаванд.
Раисони кумитаҳои маҳалла, бахши кор бо ҷавонон, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ бояд дар самт бо истифода аз таҷрибаи мавсимҳои қаблӣ, нақшаи кории судмандро рӯи даст дошта бошанд.
Дар қисмати ниҳоии кори ҷаласа дар назди ҳозирон сардори шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобили шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд Анвар Шукуров баромад намуд.
Дар охири маърӯза Раиси шаҳри Хуҷанд аз набудани аломатҳои роҳ, бештар ба мушоҳида расидани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои асосии шаҳр, ҳуқуқвайронкунии ронандагон ва наврасони ҳуқуқи ронандагӣ надошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуд,ки нозирони бозрасӣ бояд масъулияти худро бештар эҳсос намоянд ва барои бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр бештар диққат диҳанд.
Бо натиҷагирӣ аз масалаҳои баррасишаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷаббой Аҳмадзода кори маҷлиси машваратиро хотима бахшид.