(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон.Дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ба мақомоти намояндагии марказӣ ва маҳаллӣ идома дорад.
Дар мактаби миёнаи № 5 маркази вилоят воҳурии сокинон бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 13 ГулбаҳорТурсунова, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 6 Анвар Яъқубӣ ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ аз хавзаи интихоботии № 19 Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Воҳуриро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ Мақсуд Иномҷонов ифтитоҳ намуд.
Аз рӯи тартиби қабулгашта шахсони боэътимоди номзадҳо доири барнома ва ҳадафҳои номзадон сухан ронда, ҳозиронро даъват намуданд, ки рӯзи интихобот ба шахсони муаррифинамудаи худ овоз диҳанд. Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ки шахси боэътимоди номзад ба вакили шаҳрӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аст, зикр намуд, ки имрӯз мардум аз кору амали шаҳрдорӣ, фаъолияти Раиси шаҳри Хуҷанд огоҳӣ доранд.
Баъдан худи номзадҳо ба ҳозирон оиди барномаи пешазинтихоботии худ маълумот дода, зикр намуданд, ки ҳадаф ва барномаҳои онҳо аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад.