(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳр дар чорабинии идонаи сарбозон.Бахшида ба Рузи таъсисёбии Артиши Миллӣ Раиси шаҳри Хуҷанд дар тамоми қисмҳои низомии дар маркази вилоят қарор дошта чорабиниҳоим идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои табрикоти сарбозону афсарон ба қисми низомии 3501 омад.
Ҳайати хизматчиён Раиси шаҳрро гарм пазироӣ намуда, дар машқгоҳи худ ба таври идона саф оростанд.
Дар оғоз меҳмонони чорабинии идонаро роҳбари қисми низомии номбурда поковник Акбаров Хуршед хайрамақдам гуфт.
Дар суханронии табрикотии худ Раиси шаҳр тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ҳомиёни ватанро бо 22 солагии таъсисёбии Артиши Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сарбозони ватан ҳамеша барои ҳимояи марзу тамомияти кишвари маҳбубамон содиқона хизмат хоҳанд кард. «Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда истодаанд.»- таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Барои хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идона ороста шуда аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти шаҳр барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.