(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марказҳои савдои зарардида аз нав ба фаъолият  шурӯъ намуданд.Марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино», ки бар асари сӯхтор дар таърихи 15-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, пас аз таҷдид дубора ба истифода дода шуданд.
Имрӯз,  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии марказҳои савдо ба ин макон ташриф оварда, бо сифати корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид. Тавре таъкид гардид, ҳамаи 3 маркази савдо бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардида, соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки дар дӯконҳои замонавӣ ба кори худ оғоз бахшанд. Зимни боздид Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дида буданд, онҳо давоми як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод ҳастанд. Дар навбати худ соҳибкорон барои таваҷҷӯҳу дастгириҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки пас аз ин дастгириҳо дубора дар ҷойҳои қаблии худ ба кор идома мебахшанд.
Хотиррасон бояд кард, ки шаби 15-ум ба 16-уми ноябр дар марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино» сӯхтор ба амал омада буд ва санаи 26 ноябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дида буданд, мулоқот намуд. Дар мулоқот таъкид гардида буд, ки соҳибкороне, ки дар рӯйхати Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳамчун зарардида ба қайд гирифта шудаанд, аз супоридани фоизи қарзи бонкҳо озод карда шуда, мӯҳлати пардохти қарзҳои асосӣ то ба 1 сол тамдид карда мешавад. Он замон гуфта шуд, ки дар маҳалле, ки сӯхтор ба вуҷуд омадааст, марказҳои тиҷоратии нав бунёд карда мешавад. Инак марказҳои савдо дубора фаъол ва соҳибкорон низ соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд.