(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гимназия ва литсеи шаҳри Хуҷанд соҳиби толори варзишӣ мешаванд.Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохтмони чанд иншооту биноҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мактаб гимназияи № 1  ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва литсеи физикӣ математики № 1 ба номи академик М. Осимӣ агарчанде дар қатори дабистонҳои солиёни дароз фаъолият дошта ба ҳисоб равад ҳам то ҳол толори варзишии худро надоштанд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёди толори варзиши дар муасссисаҳои таълимии зикргардида пешбинӣ гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода дар чорбании макотиби мазкур, ки бахшида ба гузоштани хишти аввали толори варзишӣ баргузор гашт, иштирок намуд. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мактабу соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бо назардошти ин, он корҳое, ки дар шаҳри Хуҷанд барои пешрафти ин соҳа ба анҷом мерасанд,тибқи дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат аст. Маҳз чунин муносибат барои боло бурдани сатҳу сифати таълим ва ба воя расидани фарзандони бо маърифату ватандӯст мусоидат менамояд. Донишу маърифати баланд ин омили пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳолатҳои ҷоҳилӣ, хушунату парокандагӣ аст. Барои ҳамин тамоми ғамхориҳои сарвари давлат барои насли наврас бо мақсади таъмини ояндаи нек аст»- иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо хонандагону омӯзгорони ин мактабҳо.
Аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ барои хонандагон иборат аз ҳуҷраҳои либоскашӣ, шустушӯй ва муаллимон буда, бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири сохтмони иншооти мазкур ибрози андеша намуда қайд кард, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни мактабиён ва дабистонҳои шаҳр лоиҳаҳои сохтмонӣ бояд бозбинӣ шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки имкониятҳои толор васеъ карда шуда, он бояд барои баргузории намудҳои варзишии футболи хурд, гимнастика, баскетболу валейбол низ мувофиқат намояд. Маблағи умумии ҳар як сохтмони пешбинишуда 800 ҳазор сомонӣ буда, он аз хисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонда мешавад.
Дар литсеи № 1 бошад ҳайати омӯзгорон аз ин иқдоми мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, зикр намуданд,ки барои сохтмони 4 синфхонаи иловагии мактаб Шӯрои волидайни мактаби мазкур имкони кӯмак намудан дорад.
Ин пешниҳод аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба хушнудӣ пазируфта шуда, ба Идораи сохтмони асосӣ дастур дод,ки лоиҳаи боз 4 синфхонаро барои баррасии ҳайати омӯзгорон ва Шӯрои волидайни мактаб пешниҳод намоянд ва таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар навбати худ дар ин кор саҳм хоҳад гузошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтмончиёни иншоотҳои варзишӣ супориш дод, ки то оғози соли нави таҳсили имсола хонандагон бояд дар толорҳои варзишӣ дарсҳои худро гузаронанд.