(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Авалин майдони варзишӣ барои футболи хурд сохта мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Ин аввалин майдончаи варзишӣ дар маркази вилоят аст, ки барои мусобиқаи варзишии футболи хурд сохта шуда, барои дӯстдорони тарзи ҳаёти солим тамоми фасли сол хизмат хоҳад кард.
Раиси шаҳри Хучанд бо варзишгарони наврас, ки дар чорабинии мазкур иштирок доштанд, муроҷиат намуда қайд намуд, ки маҳз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди чунин иншоотҳои варзишӣ сол аз сол меафзояд. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим дорад танҳо соли ҷорӣ шумораи чунин майдончаҳои варзишии замонавиро ба 4 адад расонад. Ин боис мегардад, ки сафи варзишарон ва мухлисони тамоми намудҳои варзиш зиёд гашта барои ҳимояи эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат намояд»- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода. Доири сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи майдончаи варзишӣ ба сохтмончиён Раҷаббой Аҳмадзода дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки ба лоиҳа нишастгоҳ барои тамошобинон, зиёд намудани баландии панҷараи атрофи майдони бозӣ ва болопӯш намудани он бо тӯри махсус илова карда шавад.
Тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 20 метр паҳноӣ дошта дарозии он 40 метр баробар хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷрои корҳоро Ширкати сохтмонии ҶДММ «Садоқат-Суғд» ба зимма гирифтааст. Барои ин аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода номаи хотираро имзо намуда, ба пойдевори иншооти мазкур гузошт.