(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Зиёиёни шаҳри Хуҷанд доири Паёми Президент бо мардум сӯҳбат мекунанд.Дар асоси дастуру супориши Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, аз ҳисоби зиёиён ва ҷомеаи меҳнатии шаҳр гурӯҳи тарғиботӣ ташкил шудааст, ки бо сокинони маркази вилоят силсилаи мулоқоти судманд анҷом медиҳад. Давоми ҳафта гурӯҳ дар кумитаи маҳаллаҳо ва корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ифодагари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбатҳо доир намуда, корҳои тарғиботии худро идома дод. Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Дӯстии халқҳо, Чорчароғ, Масҷиди савр, Хуҷанд, Мевағул, Бофанда, Навбаҳор, Шарқ, Тути калон, КВДК «Хуҷандобуканал», КД-и соҳили рост, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, мактаби бачагонаи санъати №1,2,3 ва рассомӣ, коллеҷи тиббӣ, ҶСК «Сорбон», муассисаҳои тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Чанде аз қисматҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабили таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соҳаҳо, аз ҷумла маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди соҳаи рушди соҳибкории хусусӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, самти пешгирии амалҳои террористию ифротгароӣ, нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ахлоқ ва саводи ҷавонон, нақши падару модарон дар тарбияи фарзанд, таҷдиди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои нави кӯдакистонҳо, оиди ҷомеаи солим, оилаи солим, насли солим ва дар маҷмуъ соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» ва ғайра мавриди муколамаи иштирокдорон ва баргузоркунандагони чорабинӣ гардид.
Дар ҷамъомаду вохӯриҳо оид ба қимати бузурги барномавӣ доштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, соҳибкорон, маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки силсилаи мулоқоти зиёиён бо сокинони шаҳри Хуҷанд идома дорад.