(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футболи толорӣ анҷом ёфт.Дастаи “Рахш” и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳои барои дарёфти Ҷоми вилоят оид ба футболи толорӣ дастаи “Хуросон” и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода ғолиби Ҷом гардид. Бозӣ бисёр ҷолибу шавқовар гузашт, дастаҳо аз аввал саркарда ба ҳуҷум гузаштанд, дар дақиқаи 4 уми бози Музафар Ҳасанов ҳисобро кушод,пас аз ин бозингарони “Хуросон” каме фаъол шуда ба ҳуҷум гузаштанд,то анҷоми қисми аввал Бонкирҳо боз ба пеш баромаданд Даврон Раҳматов дар дақиқаи 16 ум туби дуюмро вориди дарвозаи меҳмонон кард. Дар қисми дуюми бози копитани дастаи “Рахш” Мубориз Асадбеков пас аз як ҳуҷуми таҳрезишуда хисобро ба 3:0 расонд, дар дақиқаи 43 уми бози Даврон Раҳматов туби чоруми дастаи худро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 20 бозӣ пас аз вайрон кардани қоидаи бози довар ба бозингари дастаи “Хупросон” Бахтиёр Қобилов ва дарвозабони “Рахш” Баҳодур Бобоев корти сурх нишон дода ҳардуро аз майдон хориҷ кард.
Дар анҷоми бози ба беҳтаринҳо ва ҳар ду даста Ҷом,медал ва ифтихорнома супорида шуд, дарвозабони беҳтарин Ёрибек Ҳоҷиев аз дастаи “Хуросон”, бозингари беҳтарин Мубориз Асадбеков аз дастаи “Рахш” шинохта шуданд.
Дар ин маросим Сардори раёсати ҷавонон,варзиш ва сайёҳи вилоят Зарифҷон Мирдадоев, котиби масъули Федератсияи футболи вилоят Аҳлидин Юнусов, ва мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуданд.