(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 25 январ ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумлаи санаҳои таърихие ҳаст, ки аҳли меҳнат чун анъана дар ин айём таҷлил мегиранд.
Дар ин рӯзҳои фархунда, ки мардуми шарифи кишварамон бо руҳбаландӣ аз Паёми навбатии Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам пойдору мустаҳкам гардонидани давлати соҳибистиқлоламон, баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум меҳнат карда истодаанд, рушди соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳар вақта дида аҳамиятноктар аст.
Ғояҳои ваҳдат аз таърихи пурғановати халқамон сарчашма мегирад ва дар даврони истиқлолият ин ормони азалии миллати тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Дар партави ин сиёсати созанда дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамасола оиди баланд бардоштани музди меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии  шаҳр, дастгирии собиқадорону табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, кормандони соҳа фаъолияти худро баҳри боз ҳам пойдору мустаҳкам гардонидани фаъолияти ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки бо ҳифзи иҷтимоӣ машғуланд, вобаста ба бунёди корхонаҳо, таъсиси ҷойҳои холии корӣ, эҳёи ҳунарҳои мардуми қолинбофию адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ, мумфаршкунии роҳҳо ва ободонии диёр корҳои назаррас иҷро шуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамзамон дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии маъюбону эҳтиёҷмандон, шахсони яккаву танҳо, барҷомондагону собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамеша мавриди айёдат қарор гирифтаанд.
Боварӣ дорам, ки кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр мисли тамоми халқи кишварамон барои ободии Ватани азизамон, шаҳри бостонии Хуҷанд азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд ва диёри худро ба мулки ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Бо эҳтиром ва ифтихор ҳамаи сокинони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборакбод намуда, барояшон дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор, саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.
Идатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!