(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд.Имрӯз тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро бо масалаҳои мухталифи ҳалталабашон қабул намуд.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мутасаддиёни шӯъбаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр низ иштирок намуданд. Вобаста ба масъалаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ 14 нафар, таъмини хобгоҳ 6 нафар, барои расондани кӯмак ба сохтмони манзил ва гирифтани кӯмаки яквақтаи ройгон 7 нафар, муроҷиат намуданд.Ҳамчунин чанде аз шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири баҳси манзил, кӯмак барои харидории доруворӣ ва табобат, мусоидат барои сафари ҳаҷ низ муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд вобаста ба хусусиятиҳои ҳалли мушкилоти сокинон ба мутасаддиёни соҳа супориш дод, ки доири ҳар як муроҷиат тибқи муқаррароти қонунҳои мавҷуда бо шаҳрвандон ҷавобҳои қонеъкунанда диҳанд.
«Ҳар як шаҳрванд бояд дар мавриди ҳалли мушкилоти худ, мӯҳлату роҳҳои баррасии он сари вақт огоҳ бошад, Вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ аз хамин иборат аст.»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамагӣ дар ин рӯз 53 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.