(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи қабул чанде аз шаҳвандон мушкилоти худро ҳал карданд.Дар интиҳои ҳар ҳафта рӯзи шанбе Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро қабул менамояд.
Рӯзи шанбеи сипаришуда низ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифта Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ шаҳрвандонро бо мушкилоту дархостҳои ҳалталаби онҳо қабул намуд.
Дар ин рӯз 45 нафар сокинон  доири масалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дархости кӯмаки молӣ ва моддӣ, расондани кӯмак барои таъмири манзили истиқоматӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.
Аз ҷумла ба сокини шаҳри Хуҷанд Саодат Яҳёева барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Ҳамчунин доири сари вақт ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон беҳтар намудани фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо доири огоҳии онҳо аз мушкилоти мардум Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд.