(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Низомиён аз қалъаи таърихии шаҳри Хуҷанд мекӯчанд.Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни Наврӯзи умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанд қисми низомии 3501 қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худуди қалъаи таърихӣ бояд бароварда шавад.
Бо ин мақсад айни замон дар қисмати дигари шаҳр корҳои сохтмонӣ азнавсозӣ барои кӯчондани  қисми низомии мазкур рафта истодааст. Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои омодагӣ сохтмонӣ дар макони нави будубоши низомиён Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба маҳалли нави шаҳраки низомиён омаданд.
Тибқи нақшаи лоиҳавӣ дар макони нави қисми низомӣ тамоми шароитҳо барои хизмати афсарону сарбозон аз қабили ҳуҷраҳои хизматӣ, иншоотҳои ёрирасон, толори варзиш ва маҷлисгоҳро дар бар мегирад. Пешбинӣ мешавад, ки то санаи 1 марти соли равон бояд корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуда, хизматичиёни ҳарбӣ ва низомиёни қисми низомии 3501 қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав хизматро идома хоҳанд дод.
Ҳайати кориро фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Маҳмадзода Хуршед низ хамроҳи намуд.