(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бинои иловаги барои милитсионерони шаҳри Хуҷанд сохта мешавад.

Имрӯз дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шӯъбаи мазкур оғоз ёфт.
Дар расми оғози бунёди ин иншоот Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуданд. Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба 10 нафар нозирони минтақавӣ барои фаъолияти пурсамараашон  дар соли сипаригашта тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Бинои иловагии шӯъбаи номбурда иборат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ маҷлисгоҳ ва чанд имкониятҳои иловагӣ баро фаъолияти пурсамари кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён супориш дод,ки бинои нав бояд то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 мавриди истифода қарор гирад. Раиси шаҳри Хуҷанд ва Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз шароити ко рва фаъолияти кормандони шӯъбачаи Бозрасии давлатии автомобили шаҳри Хуҷанд низ дидан намуда, аз имконият ва шароитҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Иншооти мазкур бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд хоҳад ёфт.